Оид ба нақши ёдгориҳои таърихӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Май 1, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва равшангари чеҳраи миллат мебошанд. Тоҷикон  ҳамчун мардуми куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии худ барои рушди тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштаанд. Ин матлаб 30 апрел зимни конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши ёдгориҳои таърихӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баён гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  хабар медиҳад, иштирокчиён оид ба эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон сухан намуданд.

Иброз гардид, ки муҳофизат ва гиромӣ доштани мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст, зеро хурдтарин осори гузашта метавонад қимати баланди илмию таърихӣ дошта бошад. Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ, онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро бо ҳам васл менамоянд.

Дар конференсия ҳамзамон аспирантон аз Институти омӯзиши Дунёи қадими Донишгоҳи Ню-Йорк, Донишгоҳи давлатии Олтой, Институти таҳқиқотии Осиёи Марказӣ ба тариқи маҷозӣ дар хусуси ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик, нақши ёдгориҳои таърихӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар паҳлуҳои мавзуи баррасигардида андешаронӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

Май 1, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст