Оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Оилаи беҳтарин» гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид, ки дар он оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷойи якум ба оилаи Амирхон Саидзода аз ноҳияи Ховалинг, ҷойи дуюм ба оилаи Иномхон Обидов аз шаҳри Конибодом ва оилаи Назрӣ Худойдодов аз ноҳияи Тоҷикобод сазовор дониста шуда, оилаи Азизбек Аҳмадбеков аз ноҳияи Роштқалъа ва Аброр Азизов аз шаҳри Ҳисор ба гирифтани ҷойи 3-юм мушарраф гардиданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузории озмунро барои таҳкими пояҳои оиладорӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки «оила дар ҳамаи давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, бунёд намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад».
Муовини Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки «дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мустақилонаи тараққиётро пеш гирифта, дар марҳилаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандии адолатпеша қарор дорад, бунёди хонаводаи солеҳ, тарбияи комилу солими насли он ва таъсиси ҷомеи ҳуқуқбунёд ба манфиат хоҳад буд».
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки ба хотири тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд соли дуюм аст, ки дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад.


Қабул гардидани якчанд барномаю стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.
Дар ҷамъбасти озмун ба 10 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми моҳҳои апрел ва май дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида шуд.
Баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, фаъолгардонии нақши занон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равониву ҳуқуқӣ ба баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






