Омӯзгори фанни химия аз Варзоб дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» сазовори ҷойи якум гардид

Май 1, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни химияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39-и ноҳияи Варзоб Ҷамшед Неъматов дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Даври минтақавии озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Иброз гардид, ки иқдоми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа имкон дод, ки ҳазорон нафар донишҷӯён, муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илм дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳм  гузоранд.

Дар ҷамъбасти даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» омӯзгорону навовару эҷодкор кӯшиш намуданд, ки маҳорату малака нишон дода, дар даврҳои минбаъдаи озмун сабқат намоянд. Ҷараёни озмун шаффоф ва тибқи талаботи Низомномаи озмун баргузор гардид.

Таъкид  гардид, ки таҷрибаи ҳамаи довталабон ҳамчун таҷрибаи пешқадам мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар семинару омӯзишҳо ва тренингҳои донишкада омӯзонида мешавад.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

 

Май 1, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд