Президенти Тоҷикистон: «Соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома дорад.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, давоми даҳсолаҳои охир онҳо бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Ин раванди ташвишовар дар таърихи инсоният бесобиқа аст.
«Тағйирёбии иқлим аллакай боиси нобуд шудани тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон гардидааст. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад», -афзуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо дар сайёраи мо сарчашмаи асосии оби нӯшиданӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё месозад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки обшавии босуръати пиряхҳои қутбӣ сабаби обхезиҳо дар кишварҳо ва шаҳрҳои соҳилӣ шуда, миллионҳо одамонро аз манзилҳояшон маҳрум месозад.
Гузашта аз ин, раванди мазкур боиси кам шудани ҳудуди хушкии давлатҳо ва омили муҳоҷиршавии аҳолӣ мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






