«ПИРЯХҲО ВА ИЛМ». Чорабиние, ки олимону муҳаққиқонро барои ҳалли мушкилоти вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ҷамъ овард
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чорабинии канории «Пиряхҳо ва илм» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳамоиш бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Чин доир гардида, ба омӯзиши пиряхҳо ва нақши онҳо дар раванди иқлимию экологии минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода таъкид намуд, ки пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷузъҳои калидии системаҳои гидрологӣ буда, дар таъмини захираҳои обӣ, ғизодиҳии дарёҳо ва кӯлҳо нақши муҳим доранд. Ин ба экосистема ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Дар шароити муосир Осиёи Марказӣ таъсири назарраси тағйирёбии иқлимро аз сар мегузаронад. Баланд шудани ҳарорати ҳаво ва кам шудани пиряхҳо дар қаторкӯҳҳои Помир, Ҳиндукуш ва Тиёншон дар таъмини об тағйироти ҷиддӣ ба бор меорад.
Таҳқиқоти пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об маълумоти арзишманд дода, ба рушди он мусоидат менамояд.
Муовини директори генералии Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Чин Дуан Вейлли изҳор дошт, ки пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини беш аз 70 миллион аҳолии ин минтақа бо захираҳои обӣ нақши калидӣ доранд. Пастшавии босуръати онҳо сабаби норасоии об, мушкилоти ҷиддии аҳолӣ, экосистема ва иқтисодиёт мегардад. Маҳз ин мушкилот омӯзиши амиқи илмӣ, таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ва рушди устуворро тақозо менамоянд.
Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба аҳамияти байналхалқӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим маъруза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 30 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






