РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бозии нахустини Лигаи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ мусобиқаи футбол байни дастаҳои «Ҳулбук» — и ноҳияи Восеъ ва «Помир»-и Бадахшон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Тавре таъкид гардид, мусобиқа тибқи дастури Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардида, ҳаводорон ва мухлисони бозии рақами яки ҷаҳонро ба ҳам овард.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оғози бозиҳои Лигаи футболи вилоятро махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи миллӣ дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла вилоят рӯ ба инкишоф ниҳода, дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил гардид.
Қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол саҳифаи наверо дар шаҳкитоби таърихи навини давлатдории мо, аз ҷумла таърихи варзиши он кушод.
Дар заминаи рушди варзиш давоми се соли охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят варзишгоҳҳои калон, даҳҳо майдону майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, бештари онҳо барои гузаронидани футбол, аз ҷумла футболи хурду футзал мутобиқ гардонда шудаанд.
Сипас, ҳарду даста бо маҳорати баланди варзишӣ табъи мухлисонро шод гардониданд.
Мусобиқа бо ҳисоби 2 бар 0 бо ғолибияти дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ анҷом ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон










Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид






