Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Нақши Маҷмаи Умумӣ ҳамчун ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ташаббусу пешниҳодҳо оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди амалисозии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ҳамчун дурнамои таъмини рушди устувор ва некуаҳволии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи хосса медиҳад.
Дар ин зимн нақши парламенти миллӣ ва ниҳоди қонунгузори мамлакат дар рушди заминаҳои ҳуқуқии муҳтавои Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор назаррас арзёбӣ гардида, аз ҳамкории мунтазаму судманди Созмони Милали Муттаҳид бо парламентҳои миллӣ истиқбол карда шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон масъалаҳои об ва иқлимро дар меҳвари сиёсати байналмилалии худ қарор дода, яке аз давлатҳои пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон дар доираи иқдоми Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ба баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29–31 майи соли 2025 ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи имрӯзаи мураккаби сиёсии ҷаҳон, паҳншавии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва чолишҳои асосии амниятии ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили барқарор гардидани сулҳи устувор, суботи пойдор ва рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистон табодули андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо андешаҳои худро оид ба аҳамияти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи Маҷмаи Умумӣ барои кишварҳои аъзои Созмон иброз намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ин иқдом омили таконбахши рушди футбол ва варзиш дар саросари олам мегардад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳтарам Филемон Янг барои дастгирии пайваста дар раванди татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълом доштани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол изҳори сипос намуданд.









Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд






