Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид мулоқот намуданд

Май 30, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мулоқоти ҷонибҳо дар доираи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки  дар шаҳри Душанбе идома дорад, баргузор шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ бо шабакаро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон қарор дорад.

АКС: Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Май 30, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд