Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд

Май 20, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов- Рустам Холмуродов бо унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ вобаста ба заминаҳои устувори ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистону Узбекистон ва нақши муассиру созандаи профессор Рустам Холмуродов дар таҳкими ин муносибатҳо сухан гуфт.

Таъкид шуд, ки шахсияти донишманд ва роҳбари ботаҷрибаи таълимӣ ва илмӣ будани профессор Рустам Холмуродов дар рушди равобити дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат саҳми назаррас гузоштааст.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки ин иқдом дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олии ду давлати дӯсту ҳамҷавор – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, ки дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамкорӣ, таърихан устувор ва дар замони муосир рӯ ба густариш нақши калидӣ доранд.

Профессор Рустам Холмуродов изҳор дошт, ки сарфароз гардидан ба унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ӯ, пеш аз ҳама, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои баланди илм, маориф ва таълиму тарбия мебошад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  

Май 20, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?