Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон» дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳи мазкур дар шакли лоиҳаи интерактивӣ барои муаррифии мероси фарҳангии миллати тоҷик омода карда шудааст.
Дар даромадгоҳи намоишгоҳи «Artechhouse» зери оҳанги ҷаззобу дилнишини сози миллии чанг маҳсули дасти ҳунармандони моҳиру хушзавқи тоҷик, сару либоси миллӣ, аз ҷумла гулдӯзии чакан, ҳунари кандакорӣ дар чӯб, нонҳои хуштамъ, асбобҳои қадимии рӯзгор, расму мусаввараҳо ва дигар маҳсулоти ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Зимни ифтитоҳи расмии намоишгоҳи миллӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар назди ҳозирин сухан намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини бостонӣ давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази муколамаи тамаддунҳо, зодгоҳи шоирони нобиға ва макони густариши анъанаҳои ҷовидона ба аҳли башар хизматҳои зиёде намудааст.
Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон макони ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, аз ҷумла шаҳраки бостонии Саразм, Боғи миллии тоҷикон дар Помир, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва долони Зарафшон-Қароқум мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат солҳои охир анъанаҳои арзишманди миллати мо, аз қабили ҳунари гулдӯзии чакан, мусиқии фалак, сози рубоб, анъанаҳои бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф гардидаанд.
Мардуми тоҷик бо дигар ёдгорию суннатҳои миллии хеш, ба монанди мавзеъҳои таърихии «Тахти Сангин»-у «Ҳулбук», «Оши палав» ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз ифтихор менамоянд.
Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ачим Стейнер суханронӣ намуд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳии намоишгоҳ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намоишгоҳи рақамӣ шинос шуданд.
Дар маҷмуъ, намоишгоҳи мазкур бозгӯи таъриху тамаддуни бостонӣ, фарҳанги пурғановат, эҳёи ҳунарҳои қадимии мардумӣ, анъана ва арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик ва шаҳодати ҳунармандию бунёдкорӣ, меҳнатдӯстию созандагӣ ва тамаддунофар будани миллати тоҷик гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони беш аз 50 кишвари дунё иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиши фарҳангӣ аз шиносоӣ ва тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таассуроти неку гуворо бардоштанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе























Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд






