Самтҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид

Май 29, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи лоиҳаҳо, самтҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди фарогирии молиявӣ ва иқтисоди ғайринақдӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави шарикӣ барои дастгирии мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори минтақавии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои рушди одилонаи молия ва муассисоти Бонки ҷаҳонӣ Асад Алам дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот доир ба лоиҳаҳои рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ, дастгирии сиёсати рушд ва таҳкими бахши молиявӣ дар Тоҷикистон табодули назар карда шуд.

Таъкид шуд, ки лоиҳаҳои мазкур муваффақона амалӣ гардида, дар доираи татбиқи матритсаи ислоҳот тадбирҳои зарурӣ оид ба зиёд намудани самаранокии бахши молиявӣ ва дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ татбиқ карда шуданд. Ҳоло дар доираи марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Таҳкими бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ» корҳои муайян идома доранд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба фарогирии молиявӣ дар мамлакат изҳор дошт, ки низоми бонкӣ бо мақсади густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ташкилоти қарзии молиявӣ феълан технологияҳои муосири хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, интернет-банкинг, пардохт тавассути POS-терминалҳо ва QR-рамзҳоро мавриди истифода қарор додаанд.

Дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои нави шарикӣ дар бахши суғурта, тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ низ баррасӣ шуданд.

Дар маҷмуъ, ҷонибҳо барои идома додани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 29, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад