Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба иттилоотонӣ дар назди Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир гардид, ки дар кори он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.
Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки барои рушди соҳаи алоқа дар Тоҷикистон стратегия ва санадҳои асосии консептуалӣ, ки ба табдили тадриҷии рақамӣ равона шудаанд, қабул гардида, фаъолона амалӣ карда мешаванд.
«Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Дар ин замина технологияҳои муосири рақамӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳукумат муваффақона ворид гардида, тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ мегарданд»,-гуфт Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои муҳими тараққиёти саноати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ муҳокима шуданд. Рушди IT-паркҳо, паркҳои технологӣ ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ дар бахши Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, дастрасӣ ва рушди системаҳои моҳвораҳои пасторбиталӣ (NGSO) дар минтақа низ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо доир ба таҳияи равишҳои минтақавии умумӣ дар масъалаҳои дастрасии низомҳои алоқаи кайҳонии орбиталии паст дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташаккули нархҳои одилонаи хизматрасониҳои алоқа дар роуминг ва муқовимат бо қаллобӣ (фрод) дар шабакаи алоқа қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






