Шаҳбоз Шариф: «Тағйироти иқлим марзро намешиносад ва вокунишҳо ба он набояд бо марз маҳдуд бошанд»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тағйироти иқлим марзро намешиносад. Вокунишҳо ба он набояд бо марз маҳдуд бошанд. Покистон ба масъулияти муштарак ва иқдоми ҳамгиро боварӣ дорад. Мо бояд дар якҷоягӣ пайомадҳои номатлуби тағйирёбии иқлимро амалӣ гардонем. Маблағгузории кофӣ бе таъхир барои паст кардани таъсири пайомадҳои тағйрёбии иқлим бояд таъмин гардад. Зарур аст, ки барои зерсохтор ва инфрасохтор саҳмгузорӣ намоем. Дар баробари ин бояд системаҳои огоҳонии барвақтӣ низ амалӣ карда шаванд. Чунин изҳори назар намуд Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф зимни суханронӣ дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд.
Шаҳбоз Шариф иброз намуд, ки «пиряхҳо тақрибан нисфи ҷараёни солонаи обро дар системаи дарёӣ таъмин менамоянд, ки он такягоҳи тамаддун, фарҳанг ва иқтисоди миллии мо мебошад. Панҷоб- дарёи бузурги Покистон симои ҷуғрофии кишвари мост, ки дар он шакл мегирад. Бояд бигӯям, ки устувории системаи пиряхҳо ба устувории мардум вобаста аст. Ин ҳолат Покистонро ба яке аз кишварҳои хеле осебпазир нисбат ба тағйирёбии иқлим табдил додааст».
Иттилоъ дода шуд, ки Покистон таъсири обшавии пиряхҳоро аз наздик эҳсос намудааст. Соли 2022 обхезии шадид рӯй дод, ки қисмати зиёди кишварро фаро гирифт. Фаъолияти деҳқонон аз байн рафт, садҳо ҳазор хонаҳо вайрон гардид, инфрасохторҳо зарари ҷиддӣ диданд, ки ин ҳама бар асари тағйироти иқлим аст. «Тасаввур кунед, ки мо 0,5 фоизи партовҳоро ба муҳит партов мекунем, лекин кишвар хеле зери таъсири он мондааст. Ин мавзуъ на танҳо нақшагирӣ, балки амалҳои таъхирнопазирро низ талаб мекунад. Мо имрӯз дар ин конфронс мавзуи хеле муҳимро мавриди мубоҳиса қарор медиҳем, ки ба тамоми башарият дахл дорад»,-изҳор намуд ӯ.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф иброз намуд, ки «он гунае, ки дарёи Равӣ барои мо дар Панҷоб ҳаётӣ ва муҳим мебошад, дарёи Вахш ба водиҳои Тоҷикистон низ ҳамон гуна ҳаёт мебахшад. Аз қуллаҳои баланду пуршукуҳи Помир сарчашма мегирад. Ин рӯдҳо, кӯлу пиряхҳое, ки ба мо ғизои ҳаёт мебахшанд, ба мо ҳамзамон ёдрас менамоянд, ки тақдири муштараки мо бо онҳо пайваст аст»,-гуфт дар охир Шаҳбоз Шариф.
Бояд гуфт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.
Ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд






