Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»

Май 31, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Сарфи назар аз таъсири ҷаҳонии тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ муҳити Тоҷикистон то ҳол тоза ва бехатар боқӣ мондааст. Шумо воқеан мардуми хушбахт ҳастед. Ман метавонам бо боварии комил иброз намоям, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои камшумори ҷаҳон аст, ки то ҳол низоми табиии худро нигоҳ доштааст. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мухбири Агентии «Ассошиэйтед пресс» дар Покистон Шамс Аббосӣ.

«Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шумо дар самти ҳифзи табиат, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург гузоштаед», — гуфт Шамс Аббосӣ.

Мухбири Агентии «Ассошиэйтед пресс» дар Покистон ҳамчунин изҳор намуд, ки «Тоҷикистон дар минтақа мамлакати нодир ва беназир аст. Ин давлат дорои пиряхҳои зиёд, кӯҳҳои баланд ва табиати бой аст. Дар ҳоле ки бисёр давлатҳо роҳи саноатисозии босуръат ва рушди фарогирро пеш гирифтаанд ва он аксаран ба муҳити зист зарар мерасонад, Тоҷикистон роҳи устувору оқилонаро интихоб намудааст. Ба назари ман, ин иқдоми дуруст ва саривақтӣ мебошад».

Шамс Аббосӣ мегӯяд, ки «баргузории Конфронси байналмилали сатҳи баланд оид ба пиряхҳо яке аз иқдоми муҳими Тоҷикистон аст, ки роҳбарии ҷаҳониро нишон медиҳад. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо барои дигар мамлакатҳо намунаи ибрат гаштааст».

Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо беш аз 500 нафар хабарнигор аз давлатҳои ҷаҳон иштирок доранд, ки аз ҷараёни баргузории ин конфронс хабару гузоришҳо пешниҳод менамоянд.

Шамс Аббосӣ аз зумраи чунин хабарнигороне мебошад, ки аз ҷараёни баргузории конфронс дар Агентии «Ассошиейтед пресс»-и Покистон хабару гузоришҳои муфассал инъикос менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд