Соли 2025 барои соҳибкорзанони вилояти Хатлон 30 грант ҷудо карда шуд

Май 5, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои соҳибкорзанони вилояти Хатлон 30 грант дар ҳаҷми 515  ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин шумора 3 грант ба маблағи 25 000 сомонӣ, 7 грант ба маблағи 20 000 сомонӣ ва 20 грант ба маблағи 15 000 сомонӣ мебошад.

Ин тадбир тибқи Қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъсис додани гранти раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2025» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон амалӣ мешавад.

Барои дарёфти грант озмун доир карда мешавад. Озмун тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» гузаронида мешавад.

Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо аз 2 май то 2 июн муайян карда шудааст. Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба  Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад