Таҳти унвони «Тоҷикистон — зодгоҳи орзуҳои ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 24 май, соати 18:30 дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-зодгоҳи орзуҳои ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Инчунин бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муассисаҳои фарҳангӣ баргузории шоу-барномаҳои консертӣ, аз қабили «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






