«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН-2025». Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти 32 ширкату корхонаи ватанӣ муаррифӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ оғоз ёфт, ки дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар намоишгоҳ сокинон имкон доранд аз ширкату корхонаи ватанӣ маводи ғизоӣ ба мисли орд, равған, биринҷ, макарон, маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза, маҳсулоти ширӣ, аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, шириниҳои лазиз, афшураю шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводи шустушӯию ороишӣ ва дорувориро бо нархҳои нисбатан дастрас харидорӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» имсол 11- солагии худро бо ифтихор таҷлил менамояд. Давоми ин муддат лоиҳа беш аз 500 ширкати ватаниро ба мардум муаррифӣ намуда, дар шинохта шудани тамғаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва бою ғанӣ гардидани бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ин намоишгоҳро 100 ҳазор нафар тамошо менамоянд. Давоми 11 соли фаъолият 70 фоизи корхонаю ширкатҳои иштирокчӣ бозори худро васеъ намудаанд.
Бо шарофати ин лоиҳа аксари ширкатҳое, ки қадамҳои нахустини худро бо «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» гузошта буданд, рушд намуданд. Онҳо имрӯз на танҳо дар дохил, балки берун аз ҷумҳурӣ низ шинохта шуда, маҳсулоти худро ба хориҷи мамлакат мебароранд.
Зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯш иброз гардид, ки ширкати «Тайрон» бо мақсади дастгирии сиёсати иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи амалии Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд.
«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои муваффақи даврони истиқлол буда, ба намоиши муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Ҳамасола даҳҳо корхонаю ширкатҳои хурду бузурги мамлакат дар ин лоиҳа-озмуни бонуфуз иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасонии гуногунро пешкаши доираи васеи истеъмолкунандагон менамоянд.
Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» то 17 май идома меёбад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






