Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2025 гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон 110,6 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33,2 миллион доллар ё 42,9 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифӣ, ки дар Теҳрон баргузор гардид, баён шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо аз рушди босуботи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ натиҷаи иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки роҳбарони ҳарду давлат арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ ва боз намудани имконияти нави сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар идома густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноат, илму техника ва дигар соҳаҳои стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин замина масъалаи таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун иқдоми муҳими таҳкими ҳамкории дуҷониба пешниҳод ва баррасӣ карда шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз тасдиқ гардидани иштироки муовини Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, истиқбол намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид






