Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд

Май 8, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2025 гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон 110,6  миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  33,2 миллион доллар ё 42,9 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ  Далер Ҷумъа бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифӣ, ки дар Теҳрон баргузор гардид, баён шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо аз рушди босуботи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ натиҷаи иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки роҳбарони ҳарду давлат арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ ва боз намудани имконияти нави сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар идома густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноат, илму техника ва дигар соҳаҳои стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин замина масъалаи таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун иқдоми муҳими таҳкими ҳамкории дуҷониба пешниҳод ва баррасӣ карда шуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз тасдиқ гардидани  иштироки муовини  Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  истиқбол намуд.

   АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд