ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?

ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи май машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба анҷом мерасанд. Бо мақсади бофароғат ва самаранок гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили тобистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Хуршед Мавлонов иброз дошт, ки маҳз ба хотири истифодаи самараноки таътил дар саросари мамлакат чорабиниҳои омӯзишӣ, фароғатӣ ва эҷодӣ ташкил карда мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи хонандагон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар таътили тобистона дар муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузории якчанд барномаи таълимию тарбиявӣ пешбинӣ гардидааст. Дар айни замон дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки тибқи нақша байни хонандагон барномаҳои гуногун мегузаронад. Инчунин дар таътили тобистона ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ба нақша гирифта шудааст.
Таътил дар истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ
Тибқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, имсол дар Тоҷикистон барои қабули кӯдакону наврасон дар мавсими «Тобистон-2025» 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 10 адад, дар вилояти Хатлон 3 адад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 адад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 истироҳатгоҳ ба мавсим омода карда мешавад.
Хуршед Мавлонов иброз дошт, ки яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти таътили тобистона- ин истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ мебошанд. Ин истироҳатгоҳҳо, ки дар муҳити табиии сабзу хуррам ва дур аз шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулияти таълимӣ ва варзишӣ низ фароҳам меоранд. Хонандагон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо таҷриба намоянд.
Муассисаҳои таълимии назди мактабҳо низ дар давраи тобистон ҳамчун истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ фаъолият мебаранд. Дар ин ҷойҳо хонандагон пас аз машғулияти таълимӣ ба бозиҳо, расмкашӣ, ҳунарҳои дастӣ ва даврҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин дар назди баъзе мактабҳо «Гӯшаҳои эҷодӣ» ташкил карда мешаванд, ки хонандагон метавонанд дар он ҷо истеъдоди худро нишон диҳанд.
Марказҳои таҳсилоти иловагӣ – макони рушди эҷод ва малакаҳо
Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ки асосан дар доираи «Марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон» фаъолият мебаранд, имконияти фаровон барои рушди малакаи эҷодӣ ва илмии хонандагонро фароҳам меоранд. Дар ин марказҳо хонандагон метавонанд ба омӯзиши технологияҳои нав, ҳунарҳои бадеӣ, расмкашӣ, робототехника, моделсозӣ ва дигар фанҳои эҷодӣ машғул шаванд.
Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо мақсади ҳадафнок гузаронидани давраи таътил зиёда аз 40 маҳфили забономӯзӣ, аз ҷумла русию англисӣ, олмонию чинӣ ва фаронсавӣ амал менамоянд. Инчунин маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд.
Дар марказҳои эҷодӣ, маҳфилҳо ва даврҳои омӯзишӣ барои рушди истеъдодҳои кӯдакон гузаронида мешаванд. Чунин фаъолият на танҳо малакаҳои эҷодиро инкишоф медиҳад, балки ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки қобилияти мустақилона фикр кардан, таҳлил намудан ва ҳалли масъалаҳои мураккабро омӯзанд.
Китобхонаҳо ва рушди фарҳанги китобхонӣ
Таътили тобистона барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ имкони хуб мебошад. Дар ин давра китобхонаҳои шаҳрӣ ва мактабӣ дари худро ба рӯйи хонандагон боз намуда, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Рӯзи китобхонӣ» ва «Ҳафтаи китоб» баргузор менамоянд. Дар ин рӯзҳо хонандагон метавонанд бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмӣ шинос шаванд ва онҳоро мутолиа намоянд.
Илова бар ин, рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз захираи интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳое, ба монанди «Китобдӯст» ва «www.marifat.tj» захираҳои пурраи адабиётро пешниҳод менамоянд, ки хонандагон метавонанд ба онҳо бе маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.
Озмунҳои зеҳнӣ ва фаннӣ – майдони рақобати дониш
Дар ин давра олимпиадаҳои фаннӣ дар соҳаҳои математика, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон истеъдоди худро нишон медиҳанд. Ин мусобиқаҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо дониши худро такмил диҳанд, балки малакаи рақобатпазирӣ ва тафаккури мантиқиашонро тавсеа бахшанд.
Озмунҳои адабӣ ва ҳунарӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи беҳтарин» ба хонандагон имконияти намоиши истеъдод ва малакаҳои зеҳниро фароҳам меоранд. Ин чорабиниҳо на танҳо ба рушди шахсият, балки ба баланд бардоштани фарҳанги мутолиа ва худомӯзӣ мусоидат менамоянд.
Варзиш ва машғулияти солимгардонӣ-калиди тандурустӣ
Варзиш дар давраи таътили тобистона на танҳо василаи солимгардонӣ, балки имконияти бузург барои рушди ҷисмонӣ ва ҳамкории дастҷамъона мебошад. Мактабҳо ва марказҳои варзишӣ машғулияти варзишӣ, мусобиқаҳо ва бозиҳои солимгардониро барои хонандагон ташкил менамоянд.
Машғулияти варзишӣ, ба мисли футбол, волейбол, теннис, баскетбол ва шоҳмот на танҳо ба беҳтар шудани солимӣ, балки ба таҳкими ирода, ҳамкории гурӯҳӣ ва эҳтироми якдигар кумак мерасонанд. Шиноварӣ ва гимнастика дар ҳавзҳои варзишӣ ва толорҳои махсус барои такмили малакаҳои ҷисмонӣ хеле муфид мебошанд.
Сафари омӯзишӣ, сайёҳӣ ва тамошои театр ва музейҳо
Инчунин дар ин давра сафарҳои омӯзишӣ ва сайёҳӣ ба музейҳо, осорхонаҳои таърихӣ, театрҳо ва ёдгориҳои миллӣ ташкил карда мешаванд. Хонандагон метавонанд дар сафарҳои кӯтоҳмуддат бо манзараҳои зебоманзари мамлакат, аз ҷумла кӯлҳои кӯҳӣ, боғҳои табиӣ ва мамнуъгоҳҳо шинос шаванд.
Ин саёҳатҳо ба густариши ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани донишҳои таърихӣ ва эҳсоси ватандӯстии онҳо мусоидат менамоянд. Ҳамчунин тамошои театр ва намоишҳои таълимӣ ба тарбияи фарҳангии онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Имрӯзҳо ҳар лаҳзаи вақти хонандагон пурарзиш мебошад. Зеро дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявӣ идома дошта, барои омӯзиши хонандагон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ин имконият ва шароити мусоидро Ҳукумати мамлакат барои босавод намудани насли наврас фароҳам овардааст. Барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак» амал менамояд. Мақсад аз қабули қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Қонун тақозои замон буда, ба таълиму тарбияи комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.
Яке аз бузургтарин вазифаи волидайн — ин таълиму тарбияи неки фарзанд мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «бачае, ки дар оилаи хуб тарбия меёбад, чун инсони комил ба воя мерасад». Пас, тарбияи дурусти фарзанд аз оила сарчашма мегирад».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан аз он ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос намоянд».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»