Тоҷикистон ва Туркманистон ҳаҷми гардиши савдо, боркашонӣ ва транзити молҳоро афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон дар шаҳри Аркадаги Туркманистон дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон Маметгулӣ Астангулов қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо барои афзоиши ҳаҷми гардиши савдо ва боркашонӣ, транзити молҳо ва кооператсияи саноатӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Аз ҷониби Туркманистон даъват шуд, ки дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Дар анҷом тарафҳо тасмим гирифтанд, ки барои сари вақт иҷро намудани супоришҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон корҳои заруриро тақвият диҳанд.
АКС:Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






