ТОБИСТОН ФАРО МЕРАСАД. Имсол Тоҷикистонро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи аввали фасли тобистон — июн дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи ҳаво аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ карда мешавад. Ҳавои ин моҳ ба ҳавои соли 2021 монандӣ дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ карда мешавад. Дар водиҳо то 32 гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 25 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 42 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун борида, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 29 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 25 то 40 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун борида, ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония мевазад.
Моҳи июн дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 17+22 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 17 то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, ҳаво то 10 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






