Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 май- дар остонаи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба дидорбинӣ ва табрики иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор Раҷаб Усмонов ва аз деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Карим Рашид рафтанд. Онҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба андозаи 50 000 сомонӣ ба ҳар як иштирокчӣ ва 10 000 сомонӣ туҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Раиси шаҳри Ҳисор ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро бо иди Ғалаба самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори орому осуда таманно намуданд.
Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
Аз ҷониби хонандагони Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ва муассисаи хусусии таҳсилотии «Нури Ирфон» дар ҳавлии собиқадорони ҷанг суруду оҳангҳои машҳури ватандӯстона иҷро гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






