Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Нахустин муколама оид ба иқтисодиёти даврии Платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон машваратҳои бисёрҷониба ва Нахустин муколама оид ба иқтисодиёти даврии Платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ оғоз шуд, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машваратҳои бисёрҷониба ва Нахустин муколама оид ба иқтисодиёти даврии Платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода, Фирдавс Саидзода ва Ғайрат Азиззода иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Муколама оид ба иқтисодиёти даврии Платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ ҷиҳатҳои иқтисодӣ ва стратегӣ дошта, ба рушди қонунгузорӣ низ мусоидат менамояд.
Маводи ҳамоиш аз дастуру маслиҳатҳои гуногуни техникӣ ва илмӣ иборат буда, лоиҳаҳои иқтисодиёти даврии Платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Ҳамоиш ба густариши муколамаи байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






