Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло баргузор гардид, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мониторинги равандҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, инчунин иқдоми муштаракро дар самти мазкур баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо зоҳир гардид. Ҷонибҳо аҳамияти ин чорабиниро дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муштарак барои ҳифзи захираҳои пиряхҳои минтақа таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






