Вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – давлати ташаббускор дар ҳалли муаммоҳои байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд, зимни конференсияи илмӣ-назариявӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои байналмилалӣ пайваста масъалаи обшавии пиряхҳо ва таъсири тағйирёбии иқлимро ба миён мегузоранд. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо пуштибонии беш аз 150 давлати ҷаҳон қабул гардид, натиҷаи ин талошҳои пайгирона мебошад.
Зимни ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Даврон Бобоҷониён аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, махсусан дар самти ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳоро таъкид намуд.
«Давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, барои гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Бинобар ин иштирокдорон ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар масъалаи мавриди назар саривақтӣ ва манфиатовар дониста, иброз доштанд, ки ин иқдом барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад»,-иброз намуд профессор Даврон Бобоҷониён.
Маърузаҳо ба таҳлили паҳлуҳои мухталифи масъалаи ҳифзи муҳити зист, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва нақши Тоҷикистон дар ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот бахшида шуда, дар зимн муҳокимаҳои судманд доир шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






