Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»

Июнь 26, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 26.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. 27-уми июн дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин сабт мегарданд. Дар ин рӯз ҷонибҳо ба ҳам омаданд, сари як хон нишастанд, ҳамдигарро бахшиданд ва заминаро барои ваҳдати сартосарӣ фароҳам оварданд. Тамоми пешрафти мо, ободии мо, озодии мо, фатҳу нусрати мо аз ҳамин ваҳдати афкор, андеша ва фитрат оғоз гардида аст. Пас месазад, ки ин ҷашни муқаддаси миллиро оғози оғозҳо бигӯем.

Омилҳои асосии роҳандозӣ намудани консепсияи Ваҳдати миллӣ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳар ранг будааст. Барои мисол, заҳматкашони Ҷумҳурии Мардумии Чин ин роҳро ҳанӯз солҳои 70-уми қарни ХХ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди инқилоби исломӣ тай намудаанд. Мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Амрикову Ҷопон, Ҳиндустону Эрон маҳз дар асоси консепсияи Ваҳдати миллӣ рушд намудаанд. Аммо дар мамолики пасошуравӣ ваҳдати миллӣ бо андешаи миллӣ ҳамбаста шуд, ки мисолашро дар мамлакатҳои назди Балтик дида метавонем. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон идеяи ваҳдат, ҳамоиши миллӣ ва ё андешаи миллӣ охири солҳои 90-уми қарни ХХ шуруъ ва дар солҳои истиқлолият идома ёфт. Ҳоло ин идея ба ғояи сиёсии давлати миллӣ мубаддал шудааст, ҳадафаш ҳамбастагии миллӣ ва ободиву созандагист.

27-уми июн ид аст, иди хуррамӣ, шодмонӣ, иди ҳамбастагӣ – ҷашни Ваҳдати миллӣ. Ваҳдати миллӣ ҳамвазни истиқлол аст, Истиқлол – озодист. Ваҳдат ва Истиқлол фароҳамсози шукуфоӣ, падидаҳои нав, бунёдкориҳои тоза ва нусратҳои ҷадид аст. Агар ба таърих назар меафканем, силсилаи воқеаҳои солҳои аввали истиқлол бозтоб мешаванд ва чун аз онҳо ёдовар мешавем, ҳодисоти мудҳиши солҳои аввал пеши назар ҷилва мекунанд.

Танҳо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, умеди тоҷикистониёнро ба оянда таҳким бахшид. Дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон раиси вақти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, зимни суханронии нахустин чунин ёдовар шуданд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо тайёрам ҷони худро нисор кунам».

Бо иродаи матин ва руҳи шикастнопазири Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим бунёд гардиданд. Дар мамлакат бунёдкорӣ хусусияти оммавӣ гирифт. Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат артиши миллӣ ва неруҳои марзбонӣ таъсис ёфт, барои таҳкими рукнҳои ҳокимият шароит муҳайё шуд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шуд, ислоҳоти конститусионӣ амалӣ гардид. Ҳамаи ин аз баракати беназири Ваҳдати миллӣ аст.

Албатта, ҳамаи ин дастовардҳои пурарзиш ба туфайли заҳматҳои бардавому фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падид омадаанд. Тавре ҷаҳониён эътироф ва таъкид намудаанд, бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Ин санади муҳим ва тақдирсоз имкон дод, ки роҳи рушди минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол боз гардад. Аз соли 1997 ба ин сӯ як давраи муҳиму сарнавиштсоз дар ҳаёти мардуми тоҷик маҳсуб мегардад. Таи ин солҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ авҷ гирифтанд ва марҳилаи навин дар масири давлатдории тоҷикон ба амал омад.

Тавре коршиносон таъкид мекунанд, аввалин омиле ки моро ба сулҳи пойдор овард, ба ҳам овардани мардуми парокандаву фирории диёр буд. Омилҳои ҳавасмандии ҷониби ҳукумат, ҳусни тафоҳуми мухолифин, миёнаравии мамолики дӯст ва созмонҳову ташкилотҳои ҷаҳонӣ аз рӯи се масъалаи муҳими вобаста ба бозгашти гурезаҳо, оташбаси доимӣ ва таъмини комили сохтори конститутсионӣ музокироти тоҷиконро ба вуҷуд  овард.

Нахустин давраи гуфтушуниди байни тоҷикон моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав, мулоқотҳои минбаъда солҳои 1995-1996 дар шаҳрҳои Кобулу Теҳрон, Москаву Бишкек, Машҳад, Алмаато ва Ашқобод баргузор гардида, ниҳоят, тавре ёдовар шудем, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар  Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид. Аз файзу баракати ин санади тақдирсоз дар Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ тақвият ёфт, ҳаёт маҷрои тоза гирифт, зиндагӣ шукӯҳи нав дарёфт, ба сарзамини мо сулҳи деринтизор омад.

Сулҳ аст, ки мо осудаем, сулҳ аст, ки истиқлолият пойдор аст. Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, аз сулҳ ибтидо мегиранд ва мо бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Ёдовар мешавем, ки бузургтарин дастоварди фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба туфайли талошҳои Президенти Тоҷикистон,  имрӯз истиқлолияти Тоҷикистонро беш аз 140 мамлакати дунё ба расмият шинохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътироф кардани оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, санади хотимавии Хелсинкӣ, баёнияи Париж ва дигар созмонҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва берунии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ риоя менамояд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Ҳамаи ин дастовардҳо аз баракати Ваҳдати миллӣ мебошанд.

Раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз ҳашт давра ва шаш марҳилаи асосӣ иборат буд, ба воситаи музокироти доманадори дохиливу хориҷӣ амалӣ гардид. Сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро баъд аз 21 вохӯрию музокироти тарафҳои мухолиф, ки дар зарфи қариб чор сол дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алмаато, Ашқобод, Теҳрон ва Маскав баргузор гардиданд, ин санади тақдирсоз ба имзо расид, ки он аз хиради азалии тоҷикон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад. Ба ин хотир, коршиносон Мактаби давлатдории Пешвои миллатро ҳамчун падидаи тозаи намунаи сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ менамоянд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар ҳама давру замон сулҳу амният ҳадафи асосии пешрафти ҷомеа хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои тақдирсози сулҳофариро паси сар кард, марҳилаҳои бисёр ҳассос, вале тақдирсозро аз сар гузаронид ва билохира дар ин самт дар ҷодаи байналмилалӣ таҷрибаи нодиреро ба миён овард. Ба таъкиди таърихнигорон СММ аз соли 1945, яъне аз замони таъсисаш то ба ин рӯз, бештар аз 70 амалиёти сулҳофаринӣ анҷом дода, аммо аз ин ҳама танҳо 5-6 амалиёт барор доштааст ва яке аз он амалиётҳои бобарори СММ сулҳи Тоҷикистон мебошад. Ин модели сулҳофаринӣ назир надорад ва чун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф гардидаву аз ҷониби институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ омӯхта мешавад.

Равандҳои гуфтушуниди байни тоҷикон акнун ба саҳифаи таърих кӯчида, онҳоро танҳо дар китобҳо мехонем, вале якчиз мусаллам аст – таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз дастовардҳои нодир дар ҷодаи байналмилалӣ  маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд дарк намояд, ки сулҳи деринтизор бо азобу ҷонбозӣ ва машақатҳои зиёд ба даст омадааст. Ва онро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт. Тоҷикон ваҳдату муттаҳидиро асоси пешрафт медонанд ва бояд ин маънӣ дар рафтор, кирдор ва амали ҳар яки мо сармашқи кор бошад.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.

Тарбияи насли нави ваҳдатофар, ваҳдатсаро ва ваҳдатниҳод аз мо омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст. Ин рисолати муқаддас бояд сармашқи кори ҳамешагии ҳар омӯзгори равшанзамир, бедордил ва худогоҳ бошад. Зеро миллати тоҷик кохи муҳташами ваҳдати миллиро бар ивази хуни дилу хишти ҷон бунёд намуд ва вазифаи насли ояндасози ҷомеа ин аст, ки бо нури дониш ин маъворо равшан ва бо хиради азаливу донишмеҳвар бақои онро мустаҳкам намоянд. Ваҳдати миллӣ асоси рушди ҷомеа ба шумор меояд. Маҳз барои ҳамин ҳар фарди бонангу номуси миллат, аз ҷумла мову шумо бояд ҳамеша ин неъмати гаронбаҳо ва муқаддас, яъне ваҳдати миллиро поянда нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва барои тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш намоем, то ки онҳо низ дар оянда ин гавҳари пурқиматро аз хатарҳои эҳтимолии ҷаҳони муосир  ҳифзу эҳтиёт карда тавонанд.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 26, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
«БЕҲТАРИН ОМӮЗГОР». Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотӣ сазовори дипломи дараҷаи I гардид
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» доир гардид
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад