Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
ДУШАНБЕ, 15.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Боғпарвари Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Назаров А» Абдусалом Назаров дар боғи худ, ки беш аз 5 гектарро ташкил медиҳад, 12 навъи зардолу парвариш менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ медиҳад.
Абдусалом Назаров боғпарвари кӯҳансол ва таҷрибадоре мебошад, ки тамоми умри хешро ба парвариши мева бахшидааст.
Ҳар сол аз боғи худ ба давлатҳои Русия ва Қазоқистон меваи шафтолу содирот менамояд. Инчунин корхонаҳои «Оби зулол» ва «Зевар»-и шаҳри Истаравшанро бо шафтолуи тару тоза таъмин менамояд.
Имсол Абдусалом Назаров дар 80 садяк замин зардолуи навъи «Лора» парвариш намудааст.
Хоҷагии деҳқонии «Назаров А» дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо меваи тару тоза ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми босазо дорад. Соли гузашта ҳосили фаровон ба даст овара буд. Имсол низ дар боғ ҳосил фаровон буда, нақша дорад, ки бо таъмини бозори истеъмоли мамлакат, ба хориҷи мамлакат низ мева содирот намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






