Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ таъмин мегардад

Июнь 2, 2025 16:05

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон дар самти муҷаҳҳазгардонии Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ барои пешгӯӣ, мониторинги захираҳои об ва ташкили системаи огоҳсозии барвақтӣ дар бораи тағйирёбии иқлим дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири давлатии вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Фудзи Хисаюки дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Баҳодуд Шерализода, зарурати тақвияти иқтидори мутахассисон ва иштироки онҳо дар барномаҳои Агентии байналмилалии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ /JICA/ ва Кумаки грантии Ҷопон барои рушди захираҳои инсонӣ /JDS/-ро таъкид намуда, инчунин аз дастгирии татбиқи лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист ёдовар шуд.

Баҳодур Шерализода ба Фудзи Хисаюки оид ба ҳамкории Кумита бо шарикони рушд ва лоиҳаҳое, ки бо дастгирии Фонди мутобиқшавӣ, Фонди ҷаҳонии муҳити зист ва Фонди иқлими сабз амалӣ мегарданд, маълумот дод.

Раиси Кумита пешниҳод кард, ки дар доираи формати «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамкорӣ дар масъалаҳои экологӣ тақвият дода шавад.

Фудзи Хисаюки пешниҳод намуд, ки дар ҷараёни мулоқоти оянда дар формати «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҷаласаҳои мавзуӣ бахшида ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2025 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд