Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми ҷаласаи Комиссияи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд

Июнь 6, 2025 11:15

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ҷаласа Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Раиси Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон Фуад Нагиев ва роҳбарони ҳайати Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Швейтсария, Туркия, Булғористон, Юнон ва Гурҷистон вохӯрӣ намуд.

Ҳамчунин вобаста ба баргузории Форуми глобали сармоягузории сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо директори коммисияи Аврупо Кордула Вохлматер ва директори иҷроияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Наталия Байона доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2025 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд