Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд

Июнь 17, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) дар Женева иштирок намуд.

Тавре ба  АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни чорабинӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳо, ташаббусҳои мамлакат  дар рушди соҳаи омори миллӣ ва нақшаҳои минбаъда сухан намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар низоми омори миллӣ баҳогузории глобалӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ гузаронида шуд, ки натиҷаи он ва тавсеаҳои коршиносони байналмилалӣ барои таҳияи нақшаҳои стратегии рушди омори миллӣ муфид арзёбӣ мегардад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Июнь 17, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд