Ҷаласаи 11-уми Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кори худ шуруъ намуда, вохӯрии якуми машваратии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ҷаласа роҳбарони вазоратҳои соҳавии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доранд. Ҳамзамон роҳбарони 5 мактаби олӣ — ташкилотҳои заминавии давлатҳои Иттиҳод оид ба тайёр кардан, бозомузии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаҳои гуногуни саноат низ иштирок доранд. Ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи машваратӣ таҳти раёсати Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир баргузор мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, ба мавзуи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат афзалият дода шудааст.
Рӯзномаи ҷаласаи Шуро оид ба сиёсати саноатии ИДМ масъалаҳои муҳими ҳамкории мутақобила дар рушди шарикии саноатӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти пешрафта барои соҳаҳои технологӣ, гузариши рақамии соҳаи комплекси саноати кӯҳӣ, металлургӣ ва кимиёи кишварҳои аъзои ИДМ, масъалаҳои татбиқи созишномаҳо оид ба рушди ҳамкории киштисозии шаҳрвандӣ, инчунин дар соҳаи саноати нафту газ, кимиё ва мошинсозиро дар бар мегирад.
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа имзои санади ниҳоӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе баргузории нахустин вохӯрии машваратии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9 августи соли 2024 дар шаҳри Остона баргузор гардида буд, доир мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






