АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо муқаррар гардидани сулҳу субот Тоҷикистон вориди марҳилаи нави рушд гардид, ки яке аз самтҳои муҳими ин пешрафт соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба шумор меравад. Дар давоми 28 соли амалӣ гардидани Ваҳдати миллӣ, мамлакати мо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст, ки шоистаи таҳлил ва омӯзиш мебошанд.
Пас аз барқарории сулҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи саноат ва кӯҳкориро ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодӣ эътироф намуд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбари давлат як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд. Ин иқдом шаҳодати равшани аҳамияти стратегӣ доштани саноат ва кӯҳкорӣ дар сиёсати иқтисодии кишвар мебошад. Ҳамзамон, барномаҳои рушди босуръати саноат ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир фароҳам оварданд.
Дар давоми 28 соли охир ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзоиши назаррас ёфт
Танҳо дар соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ба 36,3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 15,3 фоиз зиёд аст. Ин рақам дар соли 2024 ба 53,8 миллиард сомонӣ расид, ки боз ҳам 20 фоиз афзоишро нишон медиҳад. Чунин нишондодҳо аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи корхонаҳои истеҳсолӣ ва муосирсозии иқтидорҳои мавҷуда дарак медиҳанд.
Соҳаи кӯҳкорӣ низ дар ин давра хеле рушд кард
Ҳаҷми истеҳсолоти маъданӣ дар 9 моҳи соли 2024 ба 8,4 миллиард сомонӣ расида, дар маҷмӯъ дар соли 2024 ин рақам 13,3 миллиард сомониро ташкил дод. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти алюминий, тилло, нуқра ва дигар сангҳои қиматбаҳо ва ранга ба рушди содирот низ мусоидат намуд.
Дар ин давра ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳаҳои саноат ва кӯҳкорӣ яке аз омилҳои асосии рушди ин самтҳо гардид. Аз соли 2016 то соли 2023 ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ба беш аз 1,1 миллиард доллар амрикои расид. Қисми зиёди ин сармояҳо ба соҳаи кӯҳкорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок равона гардиданд.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла Минтақаи озоди саноатии Суғд, ба марказҳои ҷалби сармоя, истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ табдил ёфтаанд. Инчунин, инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва НБО-и Роғун, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқи доимӣ мусоидат карданд.
Корхонаи алюминии Тоҷик (TALCO) яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ дар минтақа буда, дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 истеҳсоли алюминий беш аз 40 ҳазор тонна расида, афзоиши 24,7 фоизро нишон дод. Лоиҳаҳои нав барои тавсеаи иқтидор ва васеъ кардани маҳсулоти содиротӣ ҷорӣ шудаанд.
Дар ин давра дар вилоятҳои Суғду Хатлон як қатор лоиҳаҳои муҳими истихроҷи маъдан амалӣ гардиданд. Лоиҳаҳои истихроҷи сурбу руҳ дар ноҳияи Айнӣ, коркарди ангишт дар Шӯроб ва коркарди захираҳои кимиёвӣ дар минтақаи Пиндор барои рушди соҳа мебошанд. Ин лоиҳаҳо на танҳо барои рушди саноат, балки барои таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойҳои кории доимӣ низ аҳамияти калон доранд.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди саноат ва кӯҳкорӣ як қатор чолишҳо, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба муҳити зистро ба вуҷуд овардааст. Афзоиши партовҳои саноатӣ ва хатари ифлосшавии муҳити зист аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои маъданӣ ниёз ба тадбирҳои ҷиддӣ дорад. Дар ин самт, зарур аст, ки бо ҷалби технологияҳои тоза ва назорати қонунӣ фаъолияти экологӣ тақвият дода шавад.
Соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ як бахши муҳими иқтисоди миллӣ
Дар давоми 28 соли амалӣ шудани Ваҳдати миллӣ, соҳаи саноат ва кӯҳкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷумҳурӣ дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, рушди минбаъдаи соҳа тақозо мекунад, ки ба масъалаҳои таъмини устуворӣ, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва ҷалби сармояи нав таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳо бояд:
— тадбирҳои қатъӣ дар самти назорати муҳити зист амалӣ гарданд;
— сатҳи омодасозии кадрҳои баландихтисос боло бурда шавад;
— шароити мусоид барои ворид намудани технологияҳои муосир фароҳам гардад;
— ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ густариш дода шавад.
Танҳо дар мавриди татбиқи чунин иқдомҳо метавон ба рушди воқеии саноати миллӣ ва самаранокии фаъолияти кӯҳкорӣ дар Тоҷикистон ноил гардид.
Самараи неки Ваҳдати миллист аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ваҳдатофар шинохта шудааст. Давоми 28 соле, ки Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармост, халқ зиндагии осоишта, пурбаракат ва арзандаро соҳиб гаштааст.
Бахтиёр Маҳмадалӣ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон