Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар доираи Соли маърифати китобхонӣ бо ибтикори идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» дар нашриёти «Мулквар»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Ваҳдатсаро» дар ҳаҷми 254 саҳифа бо сифати баланд ба нашр расида, баёнгари руҳу муҳтавои ин падидаи сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик мебошад.
Ин маҷмуа, ки мақолаҳои таҳлилӣ, очеркҳо ва лавҳаҳои публитсисиро фаро мегирад, кӯшише барои бозгӯ кардани роҳу равиши мушкили сулҳофаринӣ, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
Маводҳои китоби «Ваҳдатсаро» бо истифода аз услуби публитсистӣ-бадеӣ ва бо такя ба далелҳои таърихиву воқеӣ таҳия шудаанд. Онҳо симои сиёсӣ ва сарварии Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳ, эҳёи давлатдории миллӣ муаррифӣ намуда, ваҳдати миллиро ҳамчун ғояи умумимиллӣ ва омили сарнавиштсоз барои ҷомеаи Тоҷикистон шарҳ медиҳанд.
Китоби «Ваҳдатсаро» баёнгари руҳи миллати сарбаландест, ки дар сояи ваҳдат ва таҳкими худшиносии миллӣ роҳи рушду нумӯ ва зиндагии ободро интихоб кардааст. Маҷмуа барои донишҷӯён, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва кулли дӯстдорони таърих ва воқеияти муосири Тоҷикистон манбаи муҳими маърифатӣ ва ғоявӣ маҳсуб меёбад.
АКС: Идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






