Барои омода намудани кӯдак ба синфи якум чӣ бояд кард?

Июнь 8, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2025-2026 оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил  ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.

Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.

Тавре дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд,  дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт  кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.

Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд  аз онҳо расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод  намоянд.

Имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2019 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

Равоншиносон ба падару модар ва омӯзгорон тавсия медиҳанд, ки барои омода намудани кӯдак ба синфи якум ва ҳавасманд сохтани ӯ диққат диҳанд. Зеро вақте кӯдак аввалин маротиба ба мактаб меояд, мушкилоти асосӣ- ин муҳити нав мебошад. Кӯдак пештар фақат бо оилаи худ дар муошират буд, ҳоло ӯ бояд бо одамони зиёд муносибат намояд. Дар ин вақт кори асосии омӯзгор ӯро бо муҳити нав шинос намудан аст. Ба кӯдак дар баробари савод,  бояд тарзи дар ҷамъият сухан гуфтан, одоби нишасту хез, баробарӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати дӯстона бо ҳамсабақон ва тавоноиву таҳаммулпазириро  бояд омӯзонид.

Ба гуфти равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қабалн дар хона фаъолияти асосии онҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.

Падару модар бояд фарзандонро ба мактаб тезтар одат диҳанд, ба дарсҳо шавқманд намоянд, бо онҳо бештар вақт гузаронанд. Ҳар рӯз аз ҷараёни дарси гузаштааш пурсон шаванд, агар чизеро хато навишт ё хато талаффуз намуд, сарзаниш накунанд, баръакси онро иҷро намоянд. Аз давраи мактабхонии худ нақл кунанд, то кӯдак ба дарс майлу рағбат пайдо намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 27 октябр маросими қадрдонии ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба интернет баррасӣ шуд
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 148 медал гардиданд
72 оилаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯёни варзишгар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоишии модулҳои таълимии лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд