Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад

ДУШАНБЕ, 27.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар 28 соли пойдории Ваҳдати миллӣ дар самти таҳкими иқтисоди миллӣ, сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва андозу буҷет дар мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷӣкистон барои давраи то соли 2030 ва ду маротиба «Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 қабул гардид. Инчунин 2 маротиба Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, 2 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва 4 маротиба Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ имконият доданд, ки рушди бонизоми иқтисодиёти миллӣ идома ёбад ва устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ, инчунин беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад. Бунёди иқтисоди устувор ва рақобатпазир яке аз дастовардҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.
Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин амалисозии низоми муассир ва пешқадами иқтисодӣ буд. Дар роҳи дастёбӣ ва ноилгардӣ ба ҳадафи гузошташуда, барномаҳои гуногуни давлатӣ рӯйи кор омаданд, ки дар таъмини суботи иқтисодӣ нақши муҳимро иҷро намуданд.
Таҷрибаи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта нишон медиҳад, ки ноилгардӣ ба низоми ташаккулёфтаи иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ бениҳоят мушкил буда, кори саҳл нест. Аммо новобаста аз вазъи муташанниҷи иқтисодӣ – иҷтимоӣ таваҷҷуҳи давлат ба иқтисодиёт беандоза буд ва бевосита бо супоришҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоид дар ин самт фароҳам оварда шуд. Таҳкими иқисоди миллӣ, фаъолсозии бозори молия, густаришдиҳии муносибатҳои иқтисодӣ, таъмини рақобати шаффоф, коҳишдиҳии сатҳи таваррум, коҳишдиҳии сатҳи бекорӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, болобарии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари сиёсати иқтисодии давлатро ташкил медоданд. Таҳияи сиёсати муваффақи иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдӣ тавонистанд, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд.
Таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналхалқӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра, аз қабили таъмини аҳолии рӯйи Замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.
Ваҳдати миллӣ рӯйдодест, ки бо гузашти 28 сол аҳамияти он бештар эҳсос мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддал намудани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тавассути пешбурди сиёсати ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастовардҳои ба даст омаданд, аз ҷумла
–ҳаҷми ММД аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 153,4 млрд. сомонӣ ва ё 85,2 маротиба дар соли 2024 афзоиш ёфт;
– сатҳи камбизоатӣ қариб 4 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоизи соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2024 то 20,4 фоиз коҳиш ёфт);
– афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоизи солона таъмин гардид;
– суботи макроиқтисодӣ танзим шуда, сатҳи таваррум дар 3,6 фоиз паст карда, нигоҳ дошта шуда истодааст;
– буҷети солонаи давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 46,9 миллиард сомонӣ дар соли 2024 зиёд шуд;
– даромади буҷетӣ ба таври назаррас зиёд шуда, имкониятҳои буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд.
Дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3800 коргоҳ ва корхонаҳо фаъолият менамоянд, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд;
– дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзори серҳосил ба назар мерасад;
– тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмиллалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд.
Ваҳдати миллӣ танҳо як санад ё як рӯз нест. Ваҳдат — рамзи якпорчагии миллат, сарчашмаи ҳама муваффақиятҳо ва кафолати фардои дурахшон аст. Маҳз ваҳдат моро муттаҳид сохт, моро аз ҳалокат раҳо дод ва роҳи умеду рушдро боз намуд.
Иброҳим ИБРОҲИМЗОДА,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ