Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи омӯзгорон, донишҷӯён ва падару модарон ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои фавқулода, бахусус ғарқшавии кӯдакон ва ҷавонон дар мавсими шиноварӣ, бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ва омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар вохӯрии иттилоотӣ баргузор шуд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки сабабҳои асосии ҳолатҳои нохуш, пеш аз ҳама шиноварии худсарона дар маконҳои обии мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ, инчунин беэътиноии баъзе волидайн нисбат ба рафтор ва фаъолияти фарзандон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз аввали соли 2025 то нимаи моҳи июн дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт то ҳол нокифоя аст.
«Дар шароити иқлимии минтақа, ки ҳар сол дар мавсими гармо сатҳи хатари чунин ҳодисаҳо боло меравад, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои масъул – аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим мебошад»,- таъкид гардид дар вохӯрӣ.
Зимни ҷамъомад ба донишҷӯён Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» тартибу қоидаҳои амалии кӯмакрасонӣ ва барқарорсозии фаъолияти ҳаётан муҳими ҷабрдидагон дар шароити саҳроӣ (дар соҳили дарё ё обанбор) шарҳ дода шуд. Аз ҷумла, риояи қоидаҳои зерин ҳангоми расонидани кумаки аввалин ба ғарқшудагон инҳоянд:
– ба таври дуруст аз об берун овардани шахси ғарқшуда;
– санҷиши аломатҳои ҳаётӣ (нафаскашӣ ва набз);
– дар ҳолати набудани нафас ва набз – фавран оғоз намудани нафаси сунъӣ ва масҳи дил;
– даъвати ёрии таъҷилӣ ва таъмини шароити бехатар то расидани мутахассисон.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






