Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардида, дар он 2676 довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар доданд.
Дар даври якуми озмун 6192 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 2676 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Соли 2024 дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок кард, ки аз он 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Тибқи тартиби баргузории даври дуюм, озмун дар вилояти Хатлон аз 17 то 23 июн, вилояти Суғд – аз 17 то 23 июн, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 июн то 5 июл, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 20 июн (минтақаи Рашт, шаҳраки Ғарм), аз 23 то 25 июн дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанбе аз 20 то 25 июн доир мегардад.
Ба иттилои масъулин, раванди баргузории озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад.
Бо дастури Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






