Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар доираи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мешавад.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, он бо мақсади ташвиқу тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва ҳифзи криосфера (қабати яхии Замин) ва ҷалби таваҷҷуҳи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим баргузор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 8 июн дар шаҳри Нитсаи Фаронса бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз гардид.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






