Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таваҷҷуҳ ба таҳияи корҳои илмӣ меафзояд

Июнь 10, 2025 14:32

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастгирии ҳамаҷонибад аз ташаббусҳои илмии муҳаққиқон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст ва ҳар як докторант бояд аз ин имкониятҳои фароҳамгардида истифодаи самаранок намояд. Ин матлаб 9 июн зимни  ҳамоише, ки дар ин донишгоҳ бо мақсади ҳавасмандсозии муҳаққиқони ҷавон ва муайянсозии вазъи иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2024–2025 баргузор шуд, баён гардид.

Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз намуд, ки тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси дорои унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз мутахассисони дорои малакаҳои баланди илмӣ метавонанд дар рушди илму маориф, таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлкат саҳми назаррас гузоранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки ба низомномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) тағйирот ворид гардидааст. Бо назардошти тағйирот ва навгониҳои воридгардида  ҳар як муҳаққиқ бояд тарзи омодасозии рисола, мақолаҳои илмӣ ва дигар фаъолиятҳои илмиро бо риояи талаботи низомномаи нав анҷом диҳад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 10, 2025 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд