Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои рушди саноати хӯрокворӣ лоиҳаи OFINU муаррифӣ гардид

Июнь 2, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 40 корхонаю муассиса ва ташкилот барои хатмкунандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти донишгоҳ намоиши маҳсулот ва ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи  ин намоиш лоиҳаи  Барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо «OFINU – Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ» муаррифӣ карда шуд.

Ҳадафи лоиҳа таҳия ва татбиқи шакли нави таълим дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ мебошад. Раванди омӯзиш дар он ба шакли модулӣ амалӣ мешавад, ки якҷоя бо донишҷӯён ва таълимгирандагони берунӣ – шахсонеро, ки мақсади гирифтани донишҳои касбиро оид ба коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё таҳсилоти олӣ доранд, фаро мегирад.

Амалишавии ин лоиҳа ба донишгоҳҳои ҳамшарик аз Осиёи Марказӣ имконияти нави амалӣ ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнатро дар самти саноати хӯрокворӣ фароҳам меоварад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 2, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд