Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.
Ректори донишкада Маҳмуд Назарзода изҳор дошт, ки “бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор миллати мо ба саодат расид. Иродаи дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот гузошт. Имрӯз ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот расида, барои якпорчагии Ватан ва осудагии миллат талош намоянд».
«Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста хотиррасон менамоянд,: «мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азоб, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва басҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти мамлакатро таъмин намудем». Дар ҳақиқат, сулҳу субот дар ҷумҳурии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани сулҳу амният бояд мо, ҳар як фарди солимфикри мамлакат дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ваҳдати миллиро таҳким бахшему баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодиамон талош намоем»,- таъкид шуд дар ҳамоиш.
Дар доираи чорабинӣ, як қатор устодони донишкада барои саҳми назаррас гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат бо “Сипоснома” ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






