Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-меъмори Ваҳдат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба нақши Ваҳдат миллӣ дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад.
— Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таври дигар арҷ гузоштан ба истиқлолияти давлатӣ аст. Зеро маҳз натиҷаи Ваҳдати миллӣ буд, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи давлату Ҳукумати мамлакат сарҷаъм шуда, бо меҳнати фидокорона ба пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ ноил гардиданд, — тазаккур доданд онҳо.
Воқеан ҳам, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил беназир аст.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ аксияи ҳизбии «Шоҳроҳи Ваҳдат» баргузор карда шуд, ки дар доираи он ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ бо Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон шинос шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






