Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венесуэла баргузор шуд

Июнь 18, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти машваратҳо, ки маротибаи нахустин доир гардид, масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ  ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Венесуэла, шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дигар мавзуҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.

Дар фароварди ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ба манзури густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, таҳкими тамосҳои мустақим ва такмили заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ иброз доштанд.

Дар доираи машваратҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси абзори машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла ба имзо расид.

Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҷониби Венесуэларо муовини Вазири корҳои хориҷӣ дар умури Осиё, Ховари Миёна ва Уқёнусия Татяна Пю Морено роҳбарӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки моҳи октябри соли 2025 Тоҷикистон ва  Венесуэла 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии  байни ду кишварро  таҷлил мекунанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 18, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд