Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Сарҳадбон», воқеъ дар дараи хушманзари Алмосӣ, соҳили рӯди Чангоб 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар ҷамъомаде, ки бахшида ба оғози фаъолияти истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Саҳадбон» доир гардид, Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Масъулин иброз доштанд, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқ, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад, дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар истироҳатгоҳи «Сарҳадбон» барои фароғат ва хотирмон гузаштани таътили тобистонаи наздик ба 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Кӯдакон дар баробари фароғат, ба чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ фаро гирифта мешаванд ва худро рӯҳан обутоб дода, дӯстони нав пайдо менамоянд ва дар соли нави таҳсил бо неруи дучанд ба омӯзиши илму фан шуруъ менамоянд.
Роҳбарият ва меҳмонон бо шароити истироҳати бачаҳо, инчунин бо вазъи хизматрасонӣ дар ошхона, ҷойи хоб, маконҳои бозию фароғат ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ шинос шуда, барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ гузаронидани мавсими фароғати кӯдакон ба маъмурияти истироҳатгоҳ тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.
Ба муносибати ташрифи меҳмонон ва ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ кӯдакон барномаи рангини фарҳангиро иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона қироат намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






