Дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва сайёҳию соҳибкорӣ» ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 16, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ роҳро ба сӯи давлатдории муосир ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боз намуд. Чунин иброз гардид дар ҳамоише, ки бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва сайёҳию соҳибкорӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш олимону мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок карда, масъалаҳои муҳимми марбут ба таҳкими сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ, эҳёи инфрасохтори сайёҳӣ ва густариши соҳибкориро дар ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки маҳз ваҳдат омили асосии рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва муаррифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ гардид. Таъкид шуд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими ваҳдат, ба сулҳу мусоидат намуд.

Дар интиҳо иштирокдорони ҳамоиш иброз намуданд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот имрӯз ба сифати арзиши олӣ, заминаи таҳкими истиқлолият ва омили калидии рушди иқтисоди миллӣ хизмат менамояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд