Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои то имрӯз андешидашуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз аз 10 миллион сомонии соли 2000 ба 85 миллион сомонӣ дар соли 2024 расидааст, яъне 8,5 баробар зиёд гардидааст. Дар ин давра истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз 25 июни соли равон иттилоъ дода шуд.
«Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар доимо таъкид менамоям, ки ҳодисаҳои дар ҷаҳони имрӯза бамиёномада ба таъмини аҳолии дунё бо маводи ғизоӣ таъсири манфӣ расонида истодаанд. Аз ин рӯ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ҳама фаслҳо бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани бозори дохилӣ аҳаммияти стратегӣ дошта, истифодаи самаранок ва оқилонаи имкониятҳои ин соҳаро тақозо менамояд», — хотиррасон намуданд Сарвари давлат.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳа ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Илова бар ин, дар ин давра аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорони ноҳия 154 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ин нишондиҳанда дар панҷ моҳи соли равон 7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






