Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалиёти рамзӣ бо номи «Пешгирӣ аз ғарқшавӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар доданд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон наврасону ҷавонон дар ҳавзу дарёҳо ба оббозӣ машғул шуда, дар пайи беэҳтиётӣ ба ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дучор мешаванд. Махсусан имрӯзҳо, ки наврасону ҷавонон ба таътили тобистона баромадаанд, оббозӣ як қисми муҳими фароғати онҳо дар ин давра гаштааст. Мақсад аз гузаронидани амалиёти рамзӣ бо номи «Пешгирӣ аз ғарқшавӣ» пешгирии ин ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Дар доираи ин амалиёт, масъулин ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнуъ сафарбар шуда, дар ин макон бо наврасону ҷавонон чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд.
Зимни мулоқот бо наврасон, масъулин ба онҳо оид ба қоидаҳои оббозӣ, риояи онҳо, чӣ гуна рафтор намудан ҳангоми дучор шудан ба ҳодисаи ғарқшавӣ, расонидани кумаки аввалин ба ғарқшуда ҳангоми аз об берун овардани ӯ ва дигар масъалаҳои ба ин мавзуъ дахлдошта маълумоти зарурӣ доданд.
Бояд гуфт, ки наврасону кӯдакон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳҳо дар баъзан ҳолат қоидаҳои бехатариро сарфи назар мекунанд, ки ин ҳамасола ба ҳолатҳои зиёди ғарқшавии наврасон оварда мерасонад.
Боиси таассуф аст, ки дар бештари маврид бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ, махсусан ба оббозӣ дар оби пур аз хошоку макони хатарнок машғуланд, ки ин амали онҳо метавонад боиси сироятёбӣ ба бемориҳои гуногун ва ғарқшавиашон гардад.
Дар ин маврид Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бояд дар мадди аввал риоя карда шавад. Аммо таҳлилгарону коршиносон аз беназорати калонсолон дар ин самт изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар аксар мавридҳо кӯдакону наврасон маҳз бар асари ҳамин гуна беэътиноиву беназоратӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.
Бахусус беназорат мондани кӯдакон дар соҳилҳо басо хатарнок мебошад. Кӯдак ҳатто метавонад аз шуои офтоб осеб дида, гирифтори бемориҳое гардад, ки оқибати ногувор дорад.
Мусаллам аст, ки бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ масъулини дахлдор бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд. Онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
Новобаста аз ҳушдорҳои қатъии масъулин, сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд.
Аз ин рӯ волидонро зарур аст, фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан имрӯзҳо, ки наврасон дар таътили тобистона қарор доранд волидон ва масъулин уҳдадоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо нохуш тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳарчанд дар маконҳое, ки барои оббозӣ хатарнок ҳастанд, лавҳа ва ё нишонаҳои махсус гузошта шуданд, аммо мутаассифона, на танҳо наврасону ҷавонон, балки ҳатто калонсолон ба ин навиштаю нишонаҳо аҳамият намедиҳанд. Аз ин рӯ онҳое, ки шиновар ҳастанд, худро ба соҳил мерасонанд, вале онҳое ки шиновар нестанд, ғарқ мешаванд. Кӯдакону наврасон асосан аз бетаҷрибагӣ ва беназоратии волидон бо чунин ҳодисаҳо дучор меоянд.
Моҳинави Наврӯз,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






