Дар ноҳияи Восеъ меҳмонхонаи «Дарё» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ меҳмонхонаи «Дарё» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 20 ҷойи хоб пешбинӣ шудааст. Ин меҳмонхона, ки дар он тамоми шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ бунёд гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Меҳмонхонаи «Дарё» яке аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб шуда, бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтаааст. Дар атрофи бинои меҳмонхона дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Роҳраву гузаргоҳҳои меҳмонхона сафолакпӯшу чароғон гардида, барои истироҳати меҳмонон нишастгоҳҳо насб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон зиёда аз 230 –тои он мавриди истифода қарор гирифтааст. Иншооти ба нақшагирифташуда асосан ба самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасониву савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим рост меояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






