Дар шаҳри Хуҷанд бунёди беш аз 900 иншооти гуногун дар назар аст

Июнь 19, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди 950 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 900 иншоот мавриди истифода қарор гирифта шуда, иҷрои нақша беш аз 94 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо назардошти афзоиши аҳолии шаҳр, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, иншооти маъмуриву хизматрасонӣ ва дигар муассисаҳои муҳими инфрасохторӣ, зарурати навсозии шабакаи обу ташноби хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ба вуҷуд омад.

Тибқи лоиҳа, қубурҳои шабакаи обу ташноб бо дарозии 2100 метр навсозӣ мегарданд. Ҳамчунин дар кӯчаи Мақсудҷон Танбурӣ низ хобонидани ду қубур бо дарозии 400 метр ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷанд обуканал» бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд. Лоиҳа бо талаботи замони муосир таҳия шуда, корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайян бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.

Ин иқдомҳо ба рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо ва таъмини шароити беҳтари зист барои сокинон равона гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд